19 марти соли 2022 бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи саноатчиён ва соҳибкорони Имом Ҳотиб дар Бизнес-форум оид ба рушди соҳибкорӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи соҳибкорони маҳаллӣ ва тоҷикистонӣ, аъзои Ассотсиатсияи мустақили саноатчиён ва соҳибкорони Туркия (MÜSİAD) ва рӯзноманигорони маҳаллӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул Мурод Саидзода, раиси Ассотсиатсияи саноатчиён ва соҳибкорони Имом Ҳотиб Нуруллоҳ Шоҳин, Раиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистон-Туркия (ДЕИК) Ҷиҳангир Саатчиоғлу ва роҳбари Дафтари ҳуқуқшиносии “Аli Yüksel & Hilmi Özalp” Али Юксел иштирок намуда, оид ба имкониятҳои соҳибкориву сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳаммияти рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни ду кишвар суханронӣ карданд.
Инчунин дар доираи чорабинӣ аз ҷониби намояндаи Консулгарии генералӣ рӯнамо роҷеъ ба фазо ва имкониятҳои соҳибкориву сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳозирин манзур гардид.