Таҷлили Наврӯз дар Кувайт

21.03.2022 19:11

19 марти соли 2022 бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт дар боғи Аброҷ ул-Кувайт чорабинии тантанавӣ ба муносибати фарорасии Наврӯзи фархундапай баргузор гардид, ки дар он кишварҳои ҳавзаи Наврӯз низ ширкат варзиданд.

Дар чорабинӣ Гӯшаи Тоҷикистон бо риояи урфу одат ва анъанаю суннатҳои мардумӣ оро дода шуда, дар он дастархони тоҷикӣ бо ҳафтсину ҳафтшин ва анвои гуногуни таомҳои миллӣ, дастовардҳои фарҳангии кишвар, аз ҷумла намуна аз либосҳои гулдӯзӣ, чакан ва дигар ҳунарҳои мардумӣ, аксу мусаввараҳои минтақаҳои сайёҳии кишвар ба намоиш гузошта шуданд.

Меҳмонону иштирокдорон ва намояндаи вазорати корҳои хориҷии кишвари маҳалли иқомат барои дар сатҳи баланд ташкил намудани чунин чорабинии пуршукӯҳи фарҳангӣ, ки тайи се соли охир доир нагардида буд, баҳои баланд дода, ба сарпарасти корпуси дипломатӣ барои чунин иқдом миннатдории самимӣ баён намуданд.

21.03.2022.19.11.jpg

21.03.2022.19.12.jpg

21.03.2022.19.13.jpg

Нигористон

Тақвим