Мулоқот бо муовини котиби давлатии ИМА

23.03.2022 10:56

22 марти соли 2022 дар ҳошияи нишасти 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дар шаҳри Исломобод мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка Узра Зея баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА-ро дар самтҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуданд. Зимнан аҳаммияти фаъолияти сиғаи С5+1 ва тавсеаи ҳамкориҳои тарафайн дар доираи ин платформа таъкид гардид.
 

USA1.jpg

Нигористон

Тақвим