Мулоқот бо вазири захираҳои оби Ҷумҳурии Ироқ

23.03.2022 18:47

21 марти соли 2022 вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода бо вазири захираҳои оби Ҷумҳурии Ироқ Маҳдӣ Рашид ал Ҳамдонӣ дар ҳошияи нуҳумин Форуми ҷаҳонии об дар Дакари Ҷумҳурии Сенегал вохӯрӣ намуданд.

Ҷонибҳо масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак, аз ҷумла татбиқи ҳамкориҳои муштарак миёни мақомоти соҳавии ду кишвар дар доираи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ карданд.

Маҳдӣ Рашид ал Ҳамдонӣ омодагии кишварашро ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои судманд дар раванди омодагӣ ба баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти 2023) изҳор кард.

Iraq.jpeg

 

Нигористон

Тақвим