20 марти соли 2022 дар шаҳри Давҳа ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” чорабинии фарҳангӣ баргузор шуд.
Дар чорабиниҳои мазкур тоҷикистониёни муқим роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими Давҳа, ҳамзабонон аз Афғонистону Эрон, намояндагони доираҳои расмӣ ва васоити ахбори оммаи Қатар ширкат варзиданд.
Сафири Ҷумҳури Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ ба ширкаткунандагони чорабинӣ расонид.
Бо ишора ба нақши пешбари кишварамон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, ба хусус масъалаҳои марбут ба захираҳои об ва пешгирӣ аз оқибатҳои вахими тағйирёбии иқлим, Сафири Тоҷикистон ҳадафҳо ва аҳамияти ҷаҳонии Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 6-9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, рӯнамоӣ кард.
Дар чорабинии Сафорат ҳамчунин филмҳои мустанад дар бораи рушди ҳаёти фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дастовардҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолият намоиш дода шуданд.