Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини вазири корҳои хориҷии Португалия

06.12.2019 14:01

5 декабри 2019 дар Братислава дар ҳошияи 26-умин иҷлоси Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини вазири корҳои хориҷии Португалия Мария Тереза Рибейро мулоқот кард.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз тавсеаи робитаҳои сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ба зарурати густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва иқтисодӣ миёни ду кишвар таъкид карданд. Ташкили бизнес-форумҳо ва сафарҳои ҳайатҳои иқтисодии тарафайн салоҳ дониста шуд. Масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва идораи самараноки об, аз ҷумла пешбурди ҳадафҳои Даҳсолаи “Об барои рушди устувор” низ дар рафти мулоқот баррасӣ гардид.

Meeting-Portugal-06-12-2019-1449.jpg

 

Нигористон

Тақвим