Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини вазири корҳои хориҷии Испания

06.12.2019 14:04

5 декабри 2019 дар Братислава дар ҳошияи 26-умин иҷлоси Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини вазири корҳои хориҷии Испания Фернандо Марзо баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаи густариши равобити дуҷониба ва тавсеаи минбаъдаи онҳо табодули афкор карда, ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, ба вежа дар масъалаҳои мудирияти об изҳори омодагӣ  намуданд.

Meeting-Spain-06-12-2019-1448.jpg

 

Нигористон

Тақвим