Боҷи консулӣ

22.09.2025 10:00

Сафорат бо арзи эҳтиром ба таваҷҷуҳ мерасонад, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 сентябри соли 2025, №476 “Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат ҷиҳати истифодаи захираҳои табиӣ ё захираҳои дигари мавҷуда” меъёрҳои хироҷи консулии зерин (тибқи замима) қабул шудаанд.

Narkhnomai-konsuli-bo-zaboni-tojiki.pdf

Инчунин, Сафорат хотиррасон менамояд, ки дар доираи татбиқи чораҳои пешгирикунандаи ҳолатҳои коррупсионӣ ва ба мақсади таъмин намудани шаффофият дар фаъолияти Намояндагии дипломатӣ, тамоми хизматрасониҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби муқарраргардида пешниҳод мегарданд ва пардохти онҳо танҳо ба тариқи ғайринақдӣ қабул карда мешавад.

Дар ҳолати пайдо шудани савол ё мушкилиҳо шаҳрвандон метавонанд бо истифода аз суроға ва рақамҳо дар сомонаи расмӣ ба Сафорат муроҷиат намоянд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg