Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
бо Ҷумҳурии Беларус
Ҳамкории сиёсӣ ва парламентӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Ҷумҳурии Беларус 5 сентябри соли 1996 барқарор намудааст.
Соли 1997 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус таъсис ёфта, соли 2011 дар шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд.
Санадҳои бунёдгузоре, ки принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус муайян менамоянд, Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Беларус аз 5 апрели соли 2000 ва Аҳдномаи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Беларус аз 27 июни соли 2019 ба ҳисоб мераванд.
Дар маҷмӯъ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус зиёда аз 100 аҳднома ва созишнома ба имзо расидааст, ки барои пешбурд ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо созгор мебошанд.
Муносибатҳои Тоҷикистон ва Беларус дар марҳилаи муосир хислати рушди бомаромро ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба касб намуда, муколамаи фаъоли сиёсӣ дар сатҳи олӣ ба ин муносибатҳо такони мусбат мебахшад. Ҷиҳати густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Беларус сафарҳои мутақобилаи сарони ду давлат нақши хосса доранд.
Дар давраи сипаришуда 7 сафари расмӣ дар сатҳи сарони давлатҳо сурат гирифтааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари сафарҳои зиёди корӣ дар солҳои 2000, 2014 ва 2019 ба Ҷумҳурии Беларус сафари расмӣ анҷом додааст. Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко дар навбати худ солҳои 2001, 2011, 2018 ва 2022 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари расмӣ қарор дошт.
Дар ҷараёни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Беларус дар таърихи 27-28 июни соли 2019 зиёда аз 10 санади нави дуҷониба, аз ҷумла Созишномаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, ки бешубҳа, заминаи мустаҳкамро барои вусъати муносибатҳои ҳамкорӣ ба вуҷуд овардааст, ба имзо расидааст.
Аз натиҷаи боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ 10 санади нави дуҷониба, ки соҳаҳои муҳимми ҳамкории Тоҷикистону Беларусро дар бар мегиранд, ба имзо расонида шуданд.
Ҳамзамон робитаҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар, инчунин сафарҳои сершумори расмӣ ва кории вазирони корҳои хориҷӣ ва роҳбарони дигар вазорату идораҳо пайваста идома доранд.
Гузашта аз ин, миёни кишварҳо ҳамкориҳои фаъоли байнипарлумонӣ идома дорад. Гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ таъсис ёфта, як қатор сафарҳои кории вакилони парлумони ду кишвар сурат гирифтанд. Вакилони парлумони Тоҷикистон ва Беларус дар ҳайати нозирони ИДМ дар мушоҳидаи интихоботи Палатаи намояндагони Маҷлиси милии Ҷумҳурии Беларус дар солҳои 2019 ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси милии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 мутаносибан ширкат варзидаанд. Ҳамчунин, вакилони ду кишвар ба ҳайси нозир дар интихоботи президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2020 ва интихоботи президентии Ҷумҳурии Беларус дар моҳи августи соли 2020 иштирок намудаанд.
Тоҷикистон ва Беларус дар абзорҳои созмонҳои байналмилалӣ робитаҳои хубро ба роҳ мондаанд. Ду кишвар дар мавриди самаранокии созмонҳо, аз қабили СММ, СААД, ИДМ ва САҲА мавқеъҳои яксон доранд ва аз ташаббусҳои якдигар дар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дастгирӣ мекунанд.
Аз соли 2012 дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳуқуқи башари СММ Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои Ҷумҳурии Беларусро ҷонибдорӣ менамояд. Дар навбати худ Беларус аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, ки дар чаҳорчӯби СММ амалӣ мешаванд, фаъолона дастгирӣ мекунад.
Шоистаи зикр аст, ки 5 сентябри соли 2021 ба муносибати 25-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мубодилаи паёмҳои табрикӣ сурат гирифт. Ҳамзамон, рӯзи 9 сентябр дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус доир гардид.
Шарокати стратегӣ заминаи устувори рушди босуръати ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳо ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар сатҳи бисёрҷониба мебошад.
Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ
Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Беларус хислати муваққатӣ надошта, ба ояндаи дарозмуҳлат равона гардидаанд.
Ба манзури пешбурди маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба ва муайян намудани дурнамо ва рушди минбаъдаи он муносибатҳо фаъолияти комгори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ роҳандозӣ шудааст. Аз ҷониби Тоҷикистон Комиссияро вазири кишоварзӣ Ҳакимзода Қурбон, аз ҷониби Беларус – вазири кишоварзӣ ва озуқаворӣ Игор Брило роҳбарӣ мекунанд.
8 июни соли 2022 дар Минск ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид. Аз рӯи натиҷаи Комиссия масъалаҳои ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисод, саноат, нақлиёт, тиҷорат, фарҳанг, маориф ва илм, сармоягузорӣ ва тиҷорат баррасӣ шуданд. Қарор қабул гардид, ки кори муштарак дар самти баланд бардоштани фаъолияти иқтисодии субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии ду кишвар ва афзоиши ҳаҷми интиқоли молҳои мутақобила, аз ҷумла тавассути афзоиши пешниҳоди маҳсулоти олӣ, барқарор намудани робитаҳои нави ҳамкорӣ ва амалӣ гардондани лоиҳаю барномаҳои ба ҳамдигар фоидабахш фаъол гардонида мешавад. Дар назар аст, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ соли 2023 дар Душанбе баргузор шавад.
Ба мақсади таъмиқ ва густариши минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Беларус, мақомоти ваколатдори ду кишвар Барномаи «Харитаи роҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус барои солҳои 2022-2026»-ро омода намуданд, ки он дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-12 октябри соли 2022 ба имзо расид.
Ҷиҳати татбиқи муқаррароти «Харитаи роҳ» дар таърихи 19-22 октябри соли 2022 ташрифи кории Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ба Ҷумҳурии Беларус сурат гирифт. Дар доираи сафар Ш.Кабир бо роҳбарияти Консерни «Беллегпром» оид ба истеҳсол ва содироти маҳсулоти саноати сабук мулоқот карда, бо кори корхонаҳои бузурги саноатӣ, аз қабили “Белаз”, “МТЗ”, “МАЗ” ва як қатор дигар корхонаҳои Ҷумҳурии Беларус шиносоӣ кард.
Дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳамкориҳои тиҷоратӣ ба Шӯрои ҳамкориҳои соҳибкории Тоҷикистону Беларус, ки соли 2011 аз ҷониби Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва Беларус таъсис ёфтааст, нақши муҳим дода мешавад. Ба ҳайати Шӯро корхонаҳои пешқадами содироткунанда ва сохторҳои тиҷорӣ, ки ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии байни ду кишвар манфиатдоранд, дохил мебошанд.
11 октябри соли 2022 дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Беларус баргузор гардид. Дар доираи ҳамоиши зикршуда намоишгоҳи молу маҳсулоти Беларус, ки дар он маҳсулоти беш аз 60 корхонаи соҳаҳои мухталифи Беларус, аз ҷумла зироаткорӣ ва чорводорӣ, хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо, маҳсулоти қаннодӣ, таҷҳизоти кишоварзӣ, сайёҳии фароғатӣ ва табобатӣ ба намоиш гузошта шуд.
Гузашта аз ин, дар чорабинӣ ба иштирокчиён имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон тавассути рӯнамои видеоӣ намоиш дода шуд. Пас аз анҷоми қисми расмии Форум мулоқоти дуҷонибаи соҳибкорони ду кишвар дар қолаби соҳибкор бо соҳибкор (B2B) баргузор гардид. Маблағи умумии қарордодҳои имзошуда ҳудуди 46 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, илова бар ин дар ҷараёни музокироти видеоӣ созишномаҳо ба маблағи 2 миллион доллари ИМА баста шуд.
6-7 апрели соли 2021 дар шаҳри Душанбе бо иштироки кишоварзон ва саноатчиёни Тоҷикистону Беларус як қатор чорабиниҳои густурдаи тиҷоратӣ, аз ҷумла намоишгоҳи «Сделано в Беларуси», форуми аграрии «ТоҷБелАгро» ва форуми тиҷоратии «Тоҷикистон-Беларус-Афғонистон» баргузор гардид. Чорабиниҳо ба муносибати чордаҳумин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ва Беларус, ки дар он як ҳайати бузург таҳти роҳбарии вазири кишоварзӣ ва озуқавории Беларус Иван Крупко ба Тоҷикистон сафар намуданд.
Маҳсулоти корхонахои мошинсозии Беларус дар Тоҷикистон хеле машҳур мебошад. Ба нақлиёти маъданкании тамғаи БЕЛАЗ талабот махсус вуҷуд дорад. Ҳеҷ яке аз лоиҳаҳои асосии инфрасохтори Тоҷикистон бидуни таҷҳизоти истихроҷи корхонаи автомобилсозии Беларус сохта нашудааст. Дар Тоҷикистон инчунин ба таҷхизоти махсус ва коммуналии истеҳсоли беларусӣ дар асоси трактори «Беларусь» ва шассии МАЗ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Техника ва таҷҳизоти хоҷагии қишлоқ, ки дар ҶШС «Заводи тракторсозии Минск», ҶШС «Бобруйскагромаш», ҶШС «Гомсельмаш», таҷҳизоти боркаш ва мусофиркашонии корхонаи автомобилсозии Минск, лифтҳо ва таҷҳизоти лифтбарории ҶШС «Могилевлифтмаш» истеҳсол карда шудаанд, дар бозори Тоҷикистон худро хуб нишон доданд.
Моҳи апрели соли 2022 кори корхонаи васлкунии лифтҳои ҶСК «Могилевлифтмаш» дар Тоҷикистон оғоз гардид. Дар маросими ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ва вилояти Суғди кишвар ширкат доштанд. Дар Тоҷикистон марказҳои дилерӣ ва хидматрасонии истеҳсолкунандагони Беларус, аз ҷумла таҷҳизоти кишоварзӣ ва мошинҳои боркаши “МАЗ” дар заминаи ҶСП “Агротехсервис” дар Ҳисор ва ҶСК “Мадади Турсунзода” дар шаҳри Турсунзода, таҷҳизоти истихроҷи маъдан дар заминаи ҶДММ “Помиртехсервис” таъсис дода шудаанд.
Самти афзалиятноки рушди ҳамкориҳо таъмини таҷҳизоти истихроҷи “Белаз” барои татбиқи лоиҳаҳои коммуникатсионӣ, сохтмони иншооти гидротехникӣ ва коркарди конҳои тилло, аз ҷумла барои НБО Роғун, корхонаҳои истихроҷи тилло ва конҳои ангишт мебошад.
Ҳамкории минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ба яке аз асосҳои бунёдии шарикӣ ва иттифоқи боэътимоди ду кишвар, таъмиқи робитаҳои истеҳсолӣ ва илмию техникӣ табдил ёфта, абзори густариши минбаъдаи равандҳои ҳамгироӣ бар асоси талаботи манфиати мардумони ду кишвар табдил ёфтааст.
Моҳи ноябри соли 2021 ҳайати вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раис вилояи ба вилояти Могилев сафар кард ва дар 12-умин Форуми байналмилалии сармоягузории «Мельница успеха» ширкат варзида, бо фаъолияти як қатор корхонаҳои вилояти Могилев шиносоӣ пайдо намуд. Зимни сафари корӣ муайян карда шуд, ки барои роҳандозии ҳамкорӣ ва ташкили робитаҳои кооператсионӣ миёни минтақаҳо иқтидори бузург вуҷуд дорад.
Моҳи декабри соли 2021 сафари ҷавобии ҳайати вилояти Могилев таҳти сарварии муовини раиси кумитаи иҷроияи вилоят Р.Б.Страхар ба вилояти Суғд сурат гирифт. Зимни ташриф доир ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии вилоятҳои Могилев ва Суғд, дурнамои таҳкими ҳамкориҳои тиҷории корхонаҳои ду кишвар, дар соҳаи кооператсияи саноатӣ табодули афкор сурат гирифт.
Маҳсулоти асосии воридотӣ аз Беларус ба Тоҷикистон трактору ядакмошин, шакар, маҳсулоти нафтӣ, орд, маҳсулоти коркарди чӯб, маҳсулоти канселярӣ мебошанд. Аз Тоҷикистон ба Беларус асосан риштаи пахта, нахи пахта ва меваҳои тару хушк ворид карда мешавад.
Яке аз нишондиҳандаҳои асосии рушди ҳамкории иктисодӣ - мубодилаи мол мебошад. Бояд гуфт, ки солҳои охир муомилоти мол байни ду кишвар афзуда, номгӯи молҳои фиристодашаванда васеъ гардид. Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-октябри соли 2022 ҳаҷми муомилоти мол бо Ҷумҳурии Беларус ду баробар афзуда, 67 073,5 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Дар ин давра ҳаҷми содирот аз Тоҷикистон ба Беларус 5,6 миллион доллар ва воридот аз Беларус ба Тоҷикистон 61,5 миллион долларро ташкил додааст.
Сарфи назар аз падидаҳои бӯҳронӣ дар ҷаҳон, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Беларус хусусияти мусбат ва динамикӣ нишон медиҳанд. Тоҷикистон ва Беларус барои тавсеаи баъдии ҳамкориҳои муассир имкониятҳои зиёд доранд, ки онҳоро минбаъд низ бояд дар якҷоягӣ тақвият бахшид.