Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия 11 майи соли 1994 барқарор шудаанд.
Ҳамкории сиёсӣ (мубодилаи сафарҳо)
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Латвия дар соли 2009 рӯйдоди муҳим дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Латвия ба шумор меравад.
Соли 2009 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Латвия, ҷаноби Валдис Затлерс ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Соли 2014 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Латвия, ҷаноби Андрис Берзинш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид.
2 феврали 2009 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйири номи қуллаи «Латвия Шӯравӣ» ба «Қуллаи Латвия» қарор қабул намуд
Машваратҳои сиёсӣ
4 апрели соли 2014 нахустин машваратҳои сиёсии байниидоравии Вазорати корҳои хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Латвия дар ш.Душанбе баргузор гардид.
Ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ
30 ноябри соли 2013 ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Латвия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ дар ш.Рига баргузор гардид. Дар фарҷоми ҷаласаи мазкур Протоколи ҷаласаи нахустин Комиссияи Тоҷикистону Латвия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ ба имзо расид.
Ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар моҳи январ – сентябри соли 2022 7702,2 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки аз ин 6399,3 ҳазор доллар- содирот ва 1302,9 воридот мебошанд.
Пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия 13 санади имзошударо дар бар мегирад.