Муносибатҳои Тоҷикистон бо Литва

01.02.2023 13:01

Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Литва

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Литва соли 1992 барқарор шудаанд.

Муносибатҳои сиёсӣ (мубодилаи сафарҳо)

17 апрели соли 2007 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Литва - Пятрас Вайтекунас ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуд. Зимни ин сафар ҷаноби Пятрас Вайтекунас бо  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон вохӯрд.   

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Литва 11-13 феврали соли 2009 дар таърихи муносибатҳои тарафайн марҳилаи навро кушод.

Муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ

Литва яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон  миёни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба ҳисоб меравад.

Ҳаҷми савдои Тоҷикистон бо Литва дар моҳи январ-феврали соли 2022 – 13492,6 ҳазор доллари ШМА-ро ташкил додааст (содирот – 1541,0  ҳаз. долл. ШМА ва воридот – 11951,6 ҳаз. долл. ШМА).

Заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Литва дар марҳилаи рушд қарор дошта,  айни замон 5 санади расмии ҳамкориро ташкил медиҳад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg