Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Минск намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус маҳсуб меёбад.
5 сентябри соли 1996 пас аз барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, дар шаҳри Минск намояндагии дипломатии Тоҷикистон боз карда шуд.
Он моҳи марти соли 1997 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №663, аз 4 феврали соли 1997 ба фаъолият оғоз кард.
Дар ибтидои таъсисёбӣ Сафорат дар бинои Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск фаъолият мекард. Аммо дере нагузашта намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар суроғаи вилояти Минск, ноҳияи Минск, агрошаҳраки Ждановичӣ, кӯчаи Зеленая 42 соҳиби бинои шахсӣ гардид.
Бинои Сафорат 24 октябри соли 2013 дар шароити тантанавӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. Дар он рӯзи муҳим Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Беларусро, ки дар як гӯшаи зебоманзари вилояти Минск воқеъ аст, расман ифтитоҳ намуд.
Пас аз маросими ифтитоҳи он дар боғи зебои Сафорат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Анатолий Калинин ба нишони дӯстӣ ниҳолҳои мевадор шинонданд.
Вазифаҳои асосии Сафорат иборатанд аз:
- дар давлати қабулкунанда ҳимоя намудани манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои он, намояндагон ва шахсони ҳуқуқиву воқеӣ дар доираи меъёрҳои иҷозатдодаи ҳуқуқи байналмилалӣ;
- гуфтушунид ва таъмини робитаҳои расмӣ бо мақомоти давлатии кишвари қабулкунанда;
- бо тамоми воситаҳои ҳуқуқӣ омӯхтани вазъи сиёсии дохилии кишвар, фаъолияти мақомоти олии давлатӣ ва дигар мақомот, тамоюли рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати қабулкунанда, сиёсати берунии он ва дар ин бора ба Президент, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ хабар додан;
- мусоидат ба рушди муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари қабулкунанда дар соҳаи иқтисод, фарҳанг, илм ва дигар соҳаҳо;
- амалӣ намудани фаъолияти консулӣ, ки бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд;
- шарҳ додани моҳият ва мақсадҳои сиёсати берунӣ ва дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати қабулкунанда;
- мониторинги иҷрои шартномаю созишномаҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати кабулкунанда дар онҳо иштирок мекунанд, аз ҷумла шартномаҳои байналхалқии бисёртарафа;
- сарпарастии робитаҳо бо ҳамватанони дар кишвари қабулкунанда иқоматкунанда.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларусро дар солҳои гуногун роҳбарӣ мекарданд:
1. Раҳимов Олим Собирович - Кордори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигари ниҳоди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, 1996-2003;
2. Сафаров Амирхон – Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигари ниҳоди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, 2003 – 2009;
3. Қоимдодов Қозидавлат Қоимдодович - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигари ниҳоди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, 2009-2017.
4. Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигари ниҳоди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, 2017-2023.