7 ноябри соли 2022 дар шаҳри Минск дар доираи XXVIII Кинофестивали байналмилалии Минск “Листопад” “Рӯзи кинои тоҷик” баргузор гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кинофестивали мазкур Директори муассисаи давлатии “Тоҷикифилм” М.Шоҳиён ва Раиси “Иттиҳодияи синамогарон”-и Тоҷикистон Сафар Ҳақдод муаррифӣ намуданд.
Тамошобинон имкон пайдо намуданд, ки бо муҳтавои ду филми синамогарони тоҷик “Додараки фариштаҳо” ва “Охирин сайди Сайёд” шинос шаванд.
8 ноябр М.Шоҳиён ҳамчунин дар доираи Кинофестивали XXVIII байналмилалии Минск “Листапад” дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба кинематографияи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд.
Дар маросими кушодашавии кинофестивали “Листопад” ва “Рӯзи кинои тоҷик” Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус М.Ҳақдод иштирок намуд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус

