Дар бораи ҷаласаи Шӯрои намояндагони ваколатдори доимии ИДМ

01.02.2023 10:04

31 январи соли 2023 дар қароргоҳи Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск ҷаласаи якуми Шӯрои намояндагони ваколатдори доимӣ дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод дар соли 2023 таҳти раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа Намояндаи ваколатдори доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод иштирок намуд.

Намояндагони ваколатдори доимӣ муаррифии Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар ИДМ дар соли 2023 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи онро шунида, лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ, ки 14 апрел дар Тошканд баргузор мегардад ва нақшаи кории Шӯрои намояндагони ваколатдори доимиро барои соли 2023 тасдиқ намуданд.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони ваколатдори доимӣ 28 феврали соли 2023 дар Минск баргузор мегардад.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус.


Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg