Рӯзҳои 7-8 феврал дар қароргоҳи ИДМ машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар мавзӯи «Оид ба ҳамкории мутақобила дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2023» баргузор гардиданд.
Зимни машваратҳо иштирокчиён дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобила дар самтҳои сиёсати хориҷӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, мушорикат дар соҳаҳои амният ва мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои навро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҳамчунин, дар нишаст натоиҷи иҷрои Нақшаи машваратҳои бисёрҷанбаи байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар соли 2022 ва Барномаи амалиёт оид ба густариши шарикӣ миёни мақомоти сиёсати хориҷии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2022 баррасӣ гардиданд.
Ҷониби Тоҷикистон ба давлатҳои иштирокчии ИДМ ҷиҳати пуштибонӣ аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо Қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ гардидааст, изҳори сипос намуд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус.

