Сафарзода Бахтовар Амиралӣ
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Ҷумҳурии Беларус
10 марти соли 1983 дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ дорад. Соли 2005 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор.
Аз соли 2005 фаъолияти меҳнатии худро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз кардааст.
Солҳои 2005-2014 – аспирант, ассистенти кафедра ва мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ;
Солҳои 2014-2015 - муовини ректор оид ба илми ДМТ.
Аз соли 2015 то соли 2020 - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз моҳи март то сентябри соли 2020 - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз 09.2020 то 05.2023 - Муовини Котиби Генералии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – Намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дар Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ (Федератсияи Русия, ш.Санкт-Петербург)
Аз 31 майи соли 2023 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус таъин карда шуд.
Муаллифи зиёда аз 120 корҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ оид ба назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ мебошад.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.