Аз 21 то 24 марти соли 2023 кормандони Сафорат дар чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз, ки аз ҷониби Донишгоҳи миллии техникии Беларус, Донишгоҳи давлатии Беларус ва Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Беларус, ташкил карда шуда буд, иштирок намуданд.
Дар чорабиниҳои идона, ки аз ҷониби ДМТБ ташкил карда шуда, он аз рӯйдодҳои варзишӣ ва фарҳангӣ иборат буд, донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок варзиданд. Таҷлили Наврӯз зери садои сурудҳои шавқовар, рақсҳои шӯълавар ва нақшҳои миллии кишварҳои гуногун баргузор гардид. Инчунин дар доираи ин ид ҷашни чошнигирӣ аз навъҳои гуногуни таоми асосии идона «Оши палав», ки аз ҷониби донишҷӯёни Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон дар асоси анъанаҳои миллӣ омода карда шудан, гузаронида шуд.
Дар чаҳорчӯби ҷашни байналмилалии Наврӯз донишҷӯёни Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Эрон ва Озарбойҷон дар Донишгоҳи давлатии Белорус намоишгоҳҳои ҷудогонаи атрибутҳои миллӣ, осори санъат ва адабиёт ва таомҳои шарқӣ ташкил карданд. Ҳамчунин, дарсҳои маҳорат аз рӯи рақсҳои миллӣ ва консерти идо
на доир гардид, ки дар он донишҷӯёни Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.
Ба ғайр аз ин, Сафорат дар чорабинии дар Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Беларус доиргардида, дастархони идона ороста, меҳмонон бо эҷодиёти ҳунарҳои мардумӣ ошно гардида, таоми наврӯзии «Суманак»-ро бо нонҳои суннатии тоҷикӣ чашиданд.
Дар чорабиниҳои зикршуда намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Беларус бо суханони табрикотӣ баромад карда, ҳозиринро таҳният гуфта, дар бораи моҳияти фарҳангӣ ва аҳамияти ин ҷашни баҳорӣ, пайвандҳои бостонии он, инчунин оид ба баъзе хусусиятҳои хоси он шинос намуданд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Ҷумҳурии Беларус










