Аз 22 то 26 марти соли 2023 дар шаҳри Минск 30-юмин Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии китоб таҳти шиори "Ҷаҳони китоб бидуни марз" баргузор гардид, ки дар он дар баробари иштироки намояндагони 19 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон низ ширкат варзид.
Дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии китоб ва гӯшаи китоби Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Сафорат иштирок намуданд. Дар ин чорабинӣ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус интихоби васеи адабиёти тоҷик, аз ҷумла нашрҳои охирини муаллифони ватанӣ, инчунин осори адибони хориҷии ба забони тоҷикӣ тарҷумашударо пешкаши иштирокчиён намуд.
23 март Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус М.Ҳакдод дар маросими ифтитоҳи ботантанаи «Международный квартал», ки дар ҳошияи Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии китоб ташкил карда шуда буд ва дар он инчунин Вазири корҳои хориҷӣ С. Алейник, Вазири иттилоот В. Пертсов ва сардорони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии дар Беларус аккредитатсияшуда ҳузур доштанд, иштирок намуд.
Кормандони Сафорат дар доираи чорабинии «Международный квартал» ба меҳмонони намоишгоҳ китобҳои бадеӣ ва таърихии муаллифони тоҷик, нашрияҳои илмию публисистӣ ва дастовардҳои мардуми тоҷикро дар соҳаи фарҳангу ҳунар намоиш доданд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Ҷумҳурии Беларус


