Сафири Тоҷикистон дар чорабинии хотиравӣ бахшида ба 80-солагии фоҷиаи Хатин иштирок намуд.

29.03.2023 11:30

22 марти соли 2023 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус М.Ҳақдод дар чорабинии хотиравӣ бахшида ба 80-солагии фоҷиаи Хатин иштирок намуд.

Хатин соли 1943 ҳамроҳи сокинонаш аз ҷониби фашистон нобуд карда шудааст. Якҷоя бо ин деҳа 149 нафар, аз ҷумла 75 кӯдаки то 16-сола сӯзонда ё паронда шудаанд.

Маҷмааи ёдгории Хатин соли 1969 дар макони деҳаи харобшуда кушода шуда, рамзи ҷаҳонии қурбониёни бешумор, азоб ва мардонагии мардуми оддӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гардид.

Сафир ҳамроҳ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Сергей Алейник ва роҳбарони дигар намояндагиҳои дипломатӣ дар маросими гузоштани гулчанбар дар назди Оташи абадӣ ширкат варзида, инчунин аз Осорхонаи «Ҳар сеюм» дидан намуд.

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар Ҷумҳурии Беларус

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg