Ташрифи кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Беларус

30.11.2023 14:48

29-30 ноябри соли 2023 сафари кории ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Умед ба пойтахти Беларус ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи нахустини Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид.

Зимни ҷаласа иштирокчиёни вохӯрӣ Қоидаҳои расмиёти комиссияро қабул намуданд, лоиҳаи Нақшаи корӣ барои солҳои 2024-2025-ро баррасӣ карда, роҷеъ ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуданд ва инчунин Изҳороти аъзои Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба муносибати 75-умин солгарди Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро пазируфтанд.

Ҳамзамон аз натиҷаи ҷаласаи якуми Комиссия мулоқоти аъзои Комиссия бо Котиби генералии ИДМ Сергей Лебедев баргузор гардид, ки дар ҷараёни он дурнамои кори Комиссия барои ду соли оянда мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гузашта аз ин, 30 ноябр вохӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Комиссияи доимӣ оид ба ҳуқуқи инсон, муносибатҳои миллӣ ва ВАО-и Палатаи намояндагони Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Беларус Геннадий Давидко баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо сатҳи баланди ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ва ҳавасмандии ду давлатро ба тавсеа ва амиқсозии ҳамкориҳо дар соҳаи таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистону Беларус таъкид сохтанд.

Нимаи дуюми рӯз дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус вохӯрии ҳайати болозикр бо ҳамватанон ва намояндагони ҷамъияти тоҷикони муқими шаҳри Минск баргузор гардид, ки дар рафти он ба ҳозирин роҷеъ ба фаъолият, сохтор, вазифаҳои асосӣ ва самтҳои фаъолияти Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд.

Ҳайатро дар рафти сафар Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Б.Сафарзода ҳамроҳӣ намуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg