10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар доираи Раванди оби Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор мегардад.
Конфронси сеюми Душанбе доир ба даҳсолаи амал оид ба об аз силсилаи конфронсҳоест, ки дар ду сол як маротиба аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати дастгирии татбиқи Ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 гузаронида мешавад.
Дар ин зимн, доираҳои ҳавасмандро ҷиҳати ширкат варзидан дар Конфронси байналмилалии мазкур даъват менамоем.
Маълумоти муфассал дар сомонаи расмии Конфронс дастрас мебошад: https://conf2024.dushanbewaterprocess.org
