10 -13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 дар ҷаҳорчубаи Раванди оби Душанбе баргузор гардид.
Раванди оби Душанбе – ин ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 буда, силсилаи конфронсҳоеро, ки ҳар ду сол як маротиба аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Миллали Муттаҳид гузаронида мешаванд, дар бар мегирад.
Қобили зикр аст, ки дар кори Конфронси 3-юми сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ҳайати Ҷумҳурии Беларус таҳти роҳбарии Вазири захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист Сергей Масляк иштирок намуд.
Ҳамзамон бо ин, 10 – 11 июни соли 2024 Раиси комиссияи доимии Палатаи намояндагони Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба масъалаҳои меҳнат ва иҷтимоӣ Ирина Костевич дар Форуми парлумонии «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон», ки дар ҳошияи конфронси байналмилалии мазкур баргузор гардид, ширкат варзид.
11 июни соли 2024 мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Вазири захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Беларус Сергей Масляк доир гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ намуда, Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Беларус ба имзо расониданд.




