Мусобиқаи мини-футбол бахшида ба Рӯзи ҷавонон миёни донишҷӯёни тоҷик дар Беларус

23.05.2025 22:02

22 майи соли 2025 дар шаҳри Минск бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус мусобиқаи мини-футбол бахшида ба Рӯзи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол миёни донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои мухталифи кишвари иқомат таҳсил мекунанд, доир гардид. Ғолиби мусобиқа дастаи донишҷӯёни Академияи давлатии авиатсияи Беларус гардида, дастаҳо бо диплом ва сипосномаҳои иштирокчиён сарфароз гардиданд.

Пас аз анҷоми мусобиқа вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода бо донишҷӯён баргузор шуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ Роҳбари намояндагии дипломатӣ нақши муҳим ва стратегии ҷавононро дар рушди миллат таъкид намуда, миннатдории худро барои кӯшишҳои донишҷӯёни тоҷик дар роҳи илм ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дар хориҷ аз Ватан изҳор кард.

Дар ин замина, таваҷҷуҳи хос ба сиёсати давлатии ҷавонон, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мешавад, равона гардид. Зикр гардид, ки ташаббусҳои Пешвои миллат имкониятҳои васеъро барои рушди насли ҷавон ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар фароҳам меоранд.

Ҳамчунин фаъолияти байналмилалии муҳтарам Рустами Эмомалӣ — Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ таъкид гардид. Изҳор шуд, ки бо ташаббуси Раиси Федератсияи Футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 майи соли 2024 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард. Дар доираи ҷашн гирифтани ин санаи таърихӣ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ 22 майи соли 2025 ҳамроҳ бо ҷавонони тоҷик дар маросими бошукӯҳи қароргоҳи СММ ширкат варзиданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ Сафир изҳори умедворӣ намуд, ки чунин ташаббусҳо ба як анъанаи нек табдил хоҳанд ёфт ва боз ҳам бештари муттаҳидии ҷавонони тоҷикро дар хориҷи кишвар ва таҳкими робитаҳо миёни донишҷӯён таъмин хоҳанд кард.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg