25 июни соли 2025 дар шаҳри Минск ҳайати Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири адлия Музаффар Ашӯриён дар ҷаласаи 19-уми Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзид.
Зимни ҷаласа масъалаҳои мубрами рақамикунонии фаъолияти мақомоти адлия, таъсиси низоми ягонаи электронӣ барои мубодилаи иттилоот, омодагӣ ба баргузории Соли маърифатнокии ҳуқуқӣ дар соли 2027 ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳақиқати таърихӣ ва муқовимат ба таҳрифҳои таърих мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳайати Тоҷикистонро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода ҳамроҳӣ намуд.




