13 июл дар доираи Форуми X байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» барномаи ҷолиб бахшида ба Рӯзи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Форуме, ки аз 7 то 16 июл идома меёбад ва ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудааст, хонандагонро аз ҳашт кишвари ИДМ ба ҳам овард.
Ба меҳмонони чорабинӣ намоиши мавзӯие манзур гардид, ки иштироккунандагонро ба фарҳанги нодири Тоҷикистон шинос намуд. Онҳо бо намунаҳои сузаниҳои тоҷикӣ, нақшу нигори миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, сангҳои қиматбаҳо ва намунаи хуроки миллии тоҷикӣ - самбӯса ошноӣ пайдо намуданд.
Барномаи консертӣ бо дақиқаи хомӯшӣ барои гиромидошти хотираи онҳое, ки ҷони худро барои Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ фидо сохтаанд, оғоз ёфт . Аз саҳна шеърҳо дар васфи ғалаба ва дӯстӣ ба забонҳои кишварҳои иштирокчии форум садо доданд, ки рамзи ҳамбастагӣ гардида, эҳсосоти самимии тамошобинонро ба вуҷуд овард.
Дар чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода иштирок намуд. Зимни суханронии худ ӯ аҳамияти форуми «Кӯдакони Иттиҳод»-ро ҳамчун абзоре барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни кишварҳои ИДМ таъкид сохт. Мавсуф қайд кард, ки чорабиниҳои ҳамгун на танҳо анъанаҳои фарҳангиро ҳифз мекунанд, балки ба насли ҷавон ҷиҳати дарки аҳамияти рӯйдодҳои таърихӣ ва арзишҳои умумӣ мусоидат менамоянд.













