Натиҷаи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ: ҷаласаи намояндагони доимӣ дар Минск

29.07.2025 12:06

29 июл дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид.

Мавзӯи асосии нишаст муҳокимаи татбиқи Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар нимаи аввали соли 2025 буд.

Намояндаи ваколатдори доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода зикр намуд, ки ба шарофати ҳамкории созанда ва ҳамоҳангшудаи ҳамаи кишварҳои иштирокдор, вазифаҳои дар доираи раёсати Тоҷикистон пешбинишуда бомуваффақият амалӣ мегарданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷаласаҳои муҳим, аз қабили Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои сарони ҳукуматҳо, Шурои иқтисодӣ ва тақрибан 60 вохуриҳои коршиносон баргузор гардиданд. 24 ҷаласаи мақомоти ҳамкориҳои соҳавӣ бо муҳокимаи зиеда аз 250 масъала доир шуд.

Б.Сафарзода аҳамияти ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷиро таъкид намуда, 7 машварати мавзӯӣ оид ба ҳуқуқи инсон, халъи силоҳ ва дипломатияи иқтисодии байналмилалиро зикр сохт.

Дар соҳаи амният санадҳо оид ба низоми алоқаи муштарак байни нерӯҳои мусаллаҳ ва назорати радиатсионӣ ва биологӣ тасдиқ шуданд.

Мавсуф инчунин лоиҳаҳои бузурги гуманитарӣ, аз қабили «Лочин – Пойтахти фарҳангии ИДМ», «Ганҷа – Пойтахти варзишӣ» ва «Габала – Пойтахти ҷавонон» - ро таъкид намуд. Ҳамчунин, форуми волонтёрони ИДМ ва Консепсияи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ аз ташаббусҳои муҳим номбар шуданд.

Дар соҳаҳои иқтисодӣ ва экологӣ санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаи мошинсозии вазнин ба имзо расида, Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо бо қабул гардидани Декларатсияи Душанбе доир гардид.

Лоиҳаи Стратегияи рақамикунонии долонҳои нақлиётии мултимодалии давлатҳои иштирокдори ИДМ, ки аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо комиссияҳои СММ таҳия шудааст, пешбарӣ гардида истодааст.

Бори нахуст дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил унвони фахрии «Шаҳри шӯҳрати меҳнатӣ. Солҳои 1941-1945» таъсис дода шуд.

Б.Сафарзода таъкид кард, ки Тоҷикистон ҷиҳати идомаи таҳкими ҳамгироӣ, амният ва рушди устувор дар чаҳорчӯби ИДМ талош хоҳад варзид.

Гузашта аз ин, аъзои Шурои намояндагони доимӣ дастгирии расонаии фаъолияти Иттиҳод ва лоиҳаи рӯзномаҳои нишастҳои ояндаи Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои сарони ҳукуматҳо ва Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg