29 июли соли 2025 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода бо Вазири сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Беларус Александр Викторович Студнев баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи сохтмонро баррасӣ намуда, ба татбиқи лоиҳаҳое, ки ба рушди инфрасохтори муосир ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои робитаҳои тиҷоратӣ ва башардӯстона равона шудаанд, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагиро ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои стратегӣ таъкид намуда, ба рушди мунтазами ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистону Беларус итминон зоҳир карданд.


