18 сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 37-уми Шурои байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз дошт, ки ҳадафи баргузории Шурои байниҳукуматӣ таҳкими ҳамкории кишоварзӣ, расидан ба таъмини амнияти кишоварзӣ ва рушди ин соҳа мебошад.
Дар ҷаласа намоядагонии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Федератсияи Россия иштирок дошта, роҷеъ ба масоили рушди комплекси агросаноатӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа нақшаи чорабиниҳо барои соли 2026, интихоби Раиси Шуро барои соли 2026 ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни нишаст Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ.Ҳакимзода Раиси Шурои байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатии ИДМ барои солҳои 2025-2026 интихоб гардид.
Дар кори Шуро Намояндаи ваколатдори доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди ИДМ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода иштирок намуд.
