29 сентябри соли 2025 дар шаҳри Минск зери раисии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласа 15 масъаларо дар бар мегирифт, ки зимни онҳо сарони ҳукуматҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои ИДМ-ро мавриди муҳокима қарор доданд.
Консепсияи нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон дар ИДМ, Стратегияи рушди илмӣ-технологӣ барои солҳои 2026–2030, лоиҳаи Стратегияи рақамисозии долонҳои асосии нақлиётии мултимодалӣ, лоиҳаи Стратегияи ҳамкорӣ дар рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва иқтисоди рақамӣ то соли 2035 тасдиқ гардиданд. Илова бар ин, Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузор намудани Соли ҳифзи саломатӣ дар ИДМ дар соли 2026 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии марҳилаи дуюми Барномаи чаҳорчӯбавии ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ барои мақсадҳои осоишта то соли 2030 қабул карда шуданд.
Раиси Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода зимни брифинг аз натиҷаи ҷаласа зикр намуд, ки мулоқот дар фазои созанда ва корӣ сурат гирифт ва бори дигар омодагии давлатҳои иштирокдори ИДМ-ро ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд таъкид сохт. Мавсуф изҳор дошт, ки қарорҳои қабулгардида заминаи мустаҳками институтсионалиро барои рушди лоиҳаҳои муштарак дар иқтисод, инноватсия, тандурустӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои муҳим фароҳам меорад.
Пас аз ҷаласа сарони ҳукуматҳои ИДМ дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии саноатии “ИННОПРОМ. Беларус” иштирок намуданд.
Рӯзи дигар, 30 сентябр, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо сарони ҳукуматҳои ИДМ мулоқот анҷом дода, дурнамои тавсеаи ҳамгироии минтақавӣ ва таҳкими ҳамкории иқтисодиро баррасӣ намуд.












