Дар Душанбе ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳо ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ баргузор гардиданд

10.10.2025 15:35

10 октябри соли 2025 дар Қасри миллат таҳти раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ифтитоҳ бахшида, таъкид намуданд, ки Тоҷикистон дар соли раёсаташ дар Иттиҳод, дар ҳамкории зич бо давлатҳои иштирокдор ва Кумитаи иҷроияи ИДМ кори ҳамаҷонибаро барои татбиқи босамари ҳадафҳои пешбинишуда идома дод.  

Пешвои миллат зикр намуданд, ки фаъолияти Тоҷикистон ҳамчун кишвари раёсатдор ба расидан ба натиҷаҳои амалӣ дар рушди ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод равона шудааст.

Дар натиҷаи ҷаласа Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ як қатор қарорҳои муҳимро қабул намуд. Эъломия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти энергетикии минтақавӣ ба тасвиб расида, Консепсияи ҳамкории ҳарбии давлатҳои Иттиҳод то соли 2030 тасдиқ гардид. Сиғаи нави ҳамкорӣ - «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил плюс» таъсис дода шуд. Ҳамчунин пешниҳоди додани мақоми нозир ба Созмони Ҳамкории Шанхай дар назди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди дастгирӣ қарор гирифт. 

Гузашта аз ин, дар ҳамоиш як қатор изҳороти муштараки сарони давлатҳои иштирокдор қабул гардиданд. 

Дар фарҷоми ҷаласа ҳамраиси Шӯрои Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи давлатҳои иштирокдори ИДМ ва Намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба ҳамкории байналмилалии башардӯстона Михаил Швидкой қарорро дар бораи сарфароз гардонидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳои шоиста дар рушди ҳамкории башардӯстона» эълон намуд.

Рӯзи 9 октябри соли 2025 дар Душанбе таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар рӯзномаи ҷаласа 15 масъалаи фарогирандаи самтҳои калидии ҳамкорӣ миёни кишварҳои Иттиҳод баррасӣ гардид.

Зимни ҷаласа мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод сурат гирифт. Вазирони корҳои хориҷӣ Нақшаи асосии ҳамкории давлатҳои иштирокдор дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026–2028-ро, ки аз ҷониби Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён пешниҳод гардид, тасдиқ намуданд. 

Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ҳамчунин Нақшаи машваратҳои бисёрсатҳии байни вазоратҳои корҳои хориҷиро барои соли 2026 қабул намуда, лоиҳаи қарор оид ба эълон намудани Пойтахтҳои ҷавонони ИДМ барои солҳои 2027 ва 2028-ро маъқул донист. Илова бар ин, қарор дар бораи қатъи амали як қатор созишномаҳои аз эътибор соқитшуда қабул гардид.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 17 апрели соли 2026 дар шаҳри Калининград баргузор хоҳад шуд.

Дар нишастҳо Намояндаи ваколатдори доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди ИДМ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода иштирок намуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg