27 октябри соли 2025 дар шаҳри Минск таҳти раисии Намояндаи ваколатдори доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои иштирокдори Иттиҳод дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод доир гардид.
Зимни ҷаласа натиҷаҳои нишастҳои Шӯрои сарвазирон, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ ҷамъбаст ва вазифаҳо барои амалӣ намудани ҳуҷҷатҳои қабулшуда ва тавофуқоти бадастомада муайян гардиданд.
Намояндагони доимӣ маълумот роҷеъ ба рафти иҷрои Харитаи роҳ оид ба татбиқи ташаббусҳое, ки сарони ҳайатҳо дар ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои иқтисодии ИДМ марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, гуманитарӣ ва иҷтимоӣ баён доштаанд, инчунин Барномаи чорабиниҳо барои солҳои 2023–2025 вобаста ба татбиқи Ёддошти тафоҳум оид ба таҳкими ҳамкории Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Комиссияи иқтисодии Авроосиёро ба эътибор гирифтанд.
Шӯро номзадии Игор Петришенко, муовини аввали Котиби генералии ИДМ-ро ҷиҳати раҳбарии Ҳайати мушоҳидон ИДМ дар интихоботи ғайринавбатии вакилони Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон, ки 30 ноябри соли 2025 дар назар аст, тасдиқ намуд. Ҳамчунин, зимни ҷаласа маълумот дар бораи дурнамои ҳамкории ИДМ бо иттиҳодияҳои интегратсионӣ дар Африқо шунида шуд.

