28–29 октябри соли 2025 дар шаҳри Минск муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Фаррух дар ҷаласаи пленарии Конференсияи III байналмилалии Минск оид ба амнияти АвруОсиё иштирок ва суханронӣ кард.
Дар суханронии худ ӯ таъкид намуд, ки таҳкими эътимод, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии бисёрҷониба омили муҳим дар таъмини сулҳи пойдор ва суботи устувор дар фазои АвруОсиё ва дар миқёси ҷаҳонӣ мебошад.
Муовини вазир инчунин зикр намуд, ки ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон — аз ҷумла «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он» ва ташаббуси эълони «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба манфиати наслҳои оянда» — имрӯз дорои аҳамияти саривақтӣ ва фарогири ҷаҳонӣ мебошанд.
Ӯ зикр кард, ки ин ташаббусҳо ба муттаҳидсозии кӯшишҳои ҷомеаи байналмилалӣ баҳри таҳкими сулҳ, пешгирии низоъҳо, тақвияти амнияти глобалӣ ва пешбурди фарҳанги ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод равона шудаанд.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкории созанда ва мутақобилан судманд бо ҳамаи шарикони минтақавӣ ва байналмилалӣ омода мебошад ва минбаъд низ дар таҳкими суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳми фаъол хоҳад гузошт.
Дар кори конфронси зикршуда Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода низ ширкат варзид.
https://www.mfa.tj/tg/main/view/17715/muovini-vaziri-korhoi-khorijii-tojikiston-dar-konferensiyai-iii-bainalmilalii-minsk-oid-ba-amniyati-avruosijo-sukhanroni-namud


