14 ноябри соли 2025 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ба муносибати Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки кормандони намояндагӣ, ҳамватанони муқими Беларус ва донишҷӯёни тоҷик маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Сафири Тоҷикистон дар Беларус Бахтовар Сафарзода зимни суханронии худ ҳозиринро ба ифтихори ин ҷашнҳои пуршараф табрик гуфта, оид ба таърихи қабули Конститутсия дар даврони соҳибистиқлолӣ, аҳамияти он дар рушди давлатдории миллӣ ва нақши калидии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу суботи комил, ваҳдату ҳамбастагӣ ва пешрафти минбаъдаи кишвар таъкид намуд.
Б. Сафарзода дар идомаи суханронии худ зикр намуд, ки таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар қатори дигар санаҳои муқаддаси миллӣ ифодаи ифтихор, худшиносии миллӣ ва эҳтироми мардуми ватандӯсти тоҷик ба арзишҳои давлатӣ мебошад.


