Иштироки Сафир дар чорабиниҳо дар Донишгоҳи давлатии Витебск

21.11.2025 21:15

Рӯзи 20 ноябри соли 2025 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода дар ҷаласаи тантанавии васеи Шӯрои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ «Донишгоҳи давлатии Витебск ба номи П. М. Машеров», ки ба ҷашни 115-солагии донишгоҳ бахшида шуд, иштирок намуд. Дар чорабинӣ муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Беларус Владимир Пертсов, Раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Витебск Александр Субботин, намояндагони мақомоти давлатӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, фаъолони ҷомеа, инчунин устодону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.

Дар суханронии худ Сафир ҳайати донишгоҳро ба муносибати ин ҷашн самимона табрик намуда, нақши муҳимми Донишгоҳи давлатии Витебск ба номи П. М. Машеровро дар низоми маорифи олии Ҷумҳурии Беларус, саҳми он дар таҳияи мутахассисони баландихтисос, рушди фаъолияти илмӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалии таҳсилотӣ ва илмӣ таъкид кард.

Дар доираи сафари корӣ дарси кушоди Сафир барои устодон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ баргузор гардид. Бахтовар Сафарзода ҷанбаҳои асосии рушди муносибатҳои дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларусро шарҳ дода, хусусияти устувори муколамаи сиёсӣ, тавсеаи ҳамкориҳои башарӣ ва таҳсилотӣ, инчунин болоравии робитаҳои илмиро таъкид намуд.

Сафир нақши хоса ва арзишманди роҳбарони ҳар ду давлатро дар таҳкими заминаҳои ҳамкории муосир зикр намуда, гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Григориевич Лукашенко бо талошҳои пайвастаи худ барои таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона, густариши заминаи шартномавӣ-ҳуқуӣ ва пешбурди ташаббусҳои судманд саҳми муҳим мегузоранд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg