25 ноябри соли 2025 дар шаҳри Минск таҳти раисии Намояндаи ваколатдори доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои иштирокдори Иттиҳод дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод баргузор гардид.
Зимни ҷаласа намояндагони доимӣ натиҷаҳои фаъолияти Шӯрои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Заминро барои солҳои 2021–2024 мавриди баррасӣ қарор доданд.
Илова бар ин, аъзои Шӯро маълумотро роҷеъ ба фаъолияти Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори ИДМ дар солҳои 2019–2024 ба эътибор гирифтанд.
Ҳамчунин, ба иштирокчиёни нишаст иттилоот оид ба масъалаҳои мубрами салоҳияти субъективии Суди иқтисодии ИДМ манзур гардид.


