29 январи соли 2026 дар Минск таҳти раёсати Туркманистон ҷаласаи Шӯрои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои иштирокдори Иттиҳод дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод доир гардид.
Дар кори ҷаласа Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода иштирок дошт.
Зимни нишасти Шӯрои намояндагони доимӣ Консепсияи раёсати Туркманистон дар ИДМ дар соли 2026 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он муаррифӣ карда шуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа Нақшаи кории Шӯрои намояндагони ваколатдори доимӣ барои соли 2026 тасдиқ гардида, ҳамчунин лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ, ки баргузории он 17 апрел дар шаҳри Калининград дар назар аст, умдатан омода карда шуд.
Гузашта аз ин, иштирокчиён ҳисобот оид ба ҷараёни татбиқи лоиҳаи «Рушди омори ИДМ»-ро ба эътибор гирифтанд.



