Иштироки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд–2026» дар Минск

23.02.2026 13:57

Аз 19 то 23 феврали соли 2026 дар шаҳри Минск мусобиқаи байналмилалии футболи наврасон таҳти унвони «Ҷоми рушд–2026» миёни дастаҳои U-17 баргузор гардид.

Дар ин чорабинии варзишӣ дастаи мунтахаби наврасони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд, ки ин иқдом унсури муҳими таҳкими робитаҳои дуҷонибаи башардӯстона ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус дар соҳаи варзиш ва табодули таҷрибаи ҷавонон гардид. Иштироки футболбозони тоҷик дар ин мусобиқа нишони таваҷҷуҳи пайваста ба дастгирии варзишгарони ҷавон ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи варзиш маҳсуб меёбад.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода иштирок намуд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg