Дар қароргоҳи ИДМ дар Минск ҷаласаи Шӯрои намояндагони доимӣ баргузор гардид

24.02.2026 15:58

24 феврали соли 2026 дар шаҳри Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои иштирокдори Иттиҳод дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод доир гардид.

Зимни ҷаласа масъалаи иштироки давлатҳои иштирокдори ИДМ дар XXXIII Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии китоби Минск, ки аз 17 то 22 марти соли 2026 баргузор гардида, ба 35-солагии таъсисёбии ИДМ бахшида мешавад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аъзои Шӯро маълумот оид ба рафти иҷрои Харитаи роҳ вобаста ба татбиқи ташаббусҳои роҳбарони ҳайатҳо дар самти ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳамкории соҳавии ИДМ-ро дар ин самт барои соли 2025 шуниданд. 

Намояндагони доимӣ пешниҳодҳоро ба лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ, ки 22 майи соли 2026 дар шаҳри Ашхобод дар назар аст, муҳокима намуда, инчунин натиҷаҳои татбиқи Нақшаи дурнамои рушди заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ИДМ-ро барои солҳои 2023–2025 ҷамъбаст ва марҳилаҳои минбаъдаи фаъолиятро барои давраи сесолаи оянда муайян карданд.

Гузашта аз ин, қарор оид ба Роҳбари Ҳайати нозирони ИДМ дар раъйпурсии ҷумҳуриявӣ оид ба қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Қазоқистон, ки 15 марти соли 2026 доир мегардад, қабул гардид. Дар фарҷоми ҷаласа ҷониби Россия маҷмӯаҳои ҳуҷҷатии «Ҷумҳуриҳо – ба фронт 1941–1945»-ро муаррифӣ намуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg