25 феврали соли 2026 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода дар нишасти матбуотӣ таҳти унвони «Ҷанги Бузурги Ватанӣ: бидуни мурури замон, бидуни ҳаққи фаромӯшӣ», ки дар Хонаи матбуоти шаҳри Минск баргузор гардид, иштирок намуд.
Чорабинӣ ба муносибати нашри китоби «Разам. Вялікая Перамога», ки аз ҷониби нашриёти “Беларус” бо дастгирии Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Беларус бахшида ба 85-солагии оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ интишор гардидааст, доир гардид.
Зимни суханронии худ Сафир саҳми назарраси Тоҷикистонро дар Ғалаба таъкид намуда, зикр кард, ки зиёда аз 330 ҳазор сокини ҷумҳурӣ ба ҷабҳа сафарбар гардида, зиёда аз 100 ҳазор нафари онҳо ба Ватан барнагаштанд. Ҳамчунин нақши Тоҷикистон ҳамчун такягоҳи боэътимоди ақибгоҳ ва иштироки ҷанговарони тоҷик дар озодсозии Беларус қайд гардид.
Дар анҷом Сафир ба мардум ва роҳбарияти Ҷумҳурии Беларус барои ҳифзи хотираи қаҳрамонони ҷанг изҳори сипос намуда, зикр кард, ки сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии байни халқҳо заминаи асосии ояндаи дурахшон мебошанд.



