Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус

04.03.2026 09:48

4 марти соли 2026 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Руслан Чернетский баргузор гардид. 

Зимни мулоқот ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Беларусро дар соҳаи фарҳанг ва санъат мавриди баррасӣ қарор дода, рушди босуръати равобити дуҷонибаро, ки ба сиёсати ҳадафмандонаи роҳбарияти ду давлат асос ёфтааст, таъкид карданд.

Яке аз масъалаҳои калидии сӯҳбат баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус буд, ки охири моҳи апрел ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи чорабинӣ консерт, намоиши расмҳо ва ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии филмҳои миллӣ, инчунин чорабинии илмӣ-фарҳангӣ пешбинӣ гардидаанд.

Дар фарҷоми нишаст ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ тасдиқ намуда, ба татбиқи боз ҳам бобарори мувофиқаҳои ҳосилшуда изҳори бовар карданд. 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg