11 марти соли 2026 дар Донишгоҳи миллии техникии Беларус вохӯрӣ бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин муассисаи таълимӣ таҳсил мекунанд, баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Сафорат бо донишҷӯён, риояи қонунгузории Ҷумҳурии Беларус, одату анъанаҳои миллии кишвари иқомат ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ нақши муҳими ҷавонон дар рушди ояндаи кишвар ва таҳкими нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид. Ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки бо ҳисси баланди масъулият, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фаъолияти намунавӣ дар таҳсил ва ҷомеа, Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар ба таври шоиста намояндагӣ намоянд.
Дар анҷоми мулоқот аҳамияти сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонон ва рушди соҳаи маориф таъкид гардида, қайд шуд, ки барои ҷавонон ҷиҳати дастрасӣ ба таҳсилоти муосир, аз ҷумла дар хориҷи кишвар, имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.


