Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯйдодҳои муҳими фарҳангии шаҳри Минск — Намоишгоҳи байналмилалии китоби XXXIII Минск ва Симпозиуми байналмилалии адибон таҳти унвони «Нависанда ва замон», ки аз 17 то 22 марти соли 2026 доир мегардад, иштирок намуд.
17 март маросими ифтитоҳи расмии намоишгоҳ баргузор гардид. Имсол дар он тақрибан 500 иштирокчӣ аз 23 кишвар ширкат варзиданд. Яке аз мавзуъҳои асосии чорабинӣ 35-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳсуб меёфт. Ба ҳар як давлати иштирокдор лавҳаи алоҳидаи намоишӣ ҷудо гардида буд.
Гӯшаи намоишии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи ҷолиб оро ёфта, аксҳои мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, ёдгориҳо, инчунин китобҳои Сарвари давлат ва дигар нашрияҳои муҳимро дар бар мегирифт.
Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ғурфаи алоҳида ташкил гардида буд, ки дар он меҳмонон бо мероси ғании адабӣ ва фарҳангии кишвар шинос гардиданд. Гӯша бо услуби миллӣ бо истифода аз матоъҳои атлас ва сӯзанӣ оро дода шуда, дар он осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин осори барҷастаи адабиёти тоҷику форс ва китобҳои олимону нависандагони муосири тоҷик ба намоиш гузошта шуданд.
Ҷиҳати муаррифии шоистаи осори адабии тоҷик ва рушди соҳаи китобу китобдорӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии китоби Минск, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон — сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Иброҳим ва мудири редаксияи географияи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик Искандари Ориф — бо дастовези ғании китобҳои тозанашр иштирок намуданд.
18 март маросими ифтитоҳи «Международный квартал» — яке аз чорабиниҳои муҳими намоишгоҳ баргузор гардид. Дар ҳошияи он, намояндагони кишварҳои иштирокдор, вазорату сохторҳои кишвари иқомат, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ИДМ, меҳмонон аз гӯшаи Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳим Симпозиуми байналмилалии адибон таҳти унвони «Нависанда ва замон: фазои ягонаи гуманитарии ИДМ ҳамчун роҳи муқовимат ба чолишҳои муосир» буд, ки дар он намояндагони маъруфи аҳли адаб, аз ҷумла драматург ва нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам ва сармуҳаррири маҷаллаи русизабони «Помир», нависанда ва тарҷумон Саид Сангин ширкат варзиданд.
Қисмати муҳими барнома муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки 19 март баргузор шуд. Ба меҳмонон навори видеоӣ оид ба кишвар намоиш дода шуд ва сипас суханронии табрикотии Сафири Тоҷикистон ва намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Қисмати фарҳангии чорабинӣ воқеан бо мазмуну муҳтавои ғанӣ хотирмон буд: осори Абӯабдулло Рудакӣ «Дониш андар дил чароғи равшан аст» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қироат гардида, хонандагони Мактаби миёнаи № 35-и шаҳри Минск ба номи Домуло Азизов суруди "Кӯдакони ширинзабон"-ро иҷро карданд ва композитсияи мусиқӣ ва шеърии "Истиқлол" бо ҳамроҳии фортепиано фазои ифтихор аз истиқлолият ва арзишҳои миллиро ифода кард.
Дар тӯли намоишгоҳ гӯшаи Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёди меҳмононро ба худ ҷалб намуда, боиси афзоиши таваҷҷӯҳи самимӣ ба фарҳанг, адабиёт ва анъанаҳои миллӣ гардид.
Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Минск на танҳо имкони муаррифии мероси миллӣ ба ҷомеаи байналмилалӣ, балки қадами муҳим дар таҳкими муколамаи фарҳангҳо, густариши робитаҳои дӯстона ва рушди ҳамкориҳои гуманитарӣ ба шумор меравад.
Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии китоб то 22 марти соли 2026 идома хоҳад ёфт.




