Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

20.03.2026 10:11

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус бо арзи эҳтиром ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки бинобар таҷлили Иди Наврӯз бахши консулии Намояндагии дипломатӣ то 30 марти соли 2026 дархостҳои шаҳрвандонро қабул наменамояд.

Бо истифода аз фурсати муносиб Сафорат ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ифтихори ҷашни Наврӯз самимона табрик намуда, саломатӣ, хонаи обод, бахту иқболи нек ва файзу баракат орзу менамояд. 

Дар сурати пайдо шудани ҳолатҳои фавқулода хоҳишмандем тавассути рақамҳои +375 17 549-01-83 ба Сафорат дар тамос шавед.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg