Ҷаласаи муштараки Шӯрои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ

31.03.2026 08:40

31 марти соли 2026 ҷаласаи муштараки Шӯрои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои иштирокдори ИДМ дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ доир гардид.

Зимни нишаст иштирокчиён лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ-ро, ки қарор аст охири моҳи май дар Ашқобод баргузор гардад, таҳия намуда, инчунин масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ, ки 17 апрел дар шаҳри Москва доир мегардад, мавриди баррасӣ қарор доданд. 

Ҳамзамон иттилоот оид ба фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии давлатҳои иштирокдори Иттиҳод дар солҳои 2020–2025, натиҷаҳои иҷрои Харитаи роҳ оид ба татбиқи ташаббусҳои сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои ИДМ дар самти ҳамкории иқтисодӣ ва инчунин натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳамкории соҳавии ИДМ дар бахши иқтисодӣ дар соли 2025 ба эътибор гирифта шуд.

Гузашта аз ин, иштирокчиён рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2023–2025 оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар бораи амиқсозии ҳамкорӣ байни Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Комиссияи иқтисодии Авруосиёро баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа Намояндаи ваколатдори доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода ба иштирокчиёни нишаст дар хусуси баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018–2028, ки рӯзҳои 25–28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, иттилоъ манзур намуда, ҷонибҳоро даъват намуд, ки дар таъмин намудани иштироки намояндагони баландпояи кишварҳои ИДМ дар кори ҳамоиш мусоидат намоянд. 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg