31 марти соли 2026 дар ҷаласаи муштараки Шӯрои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои иштирокдори ИДМ дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ Намояндаи ваколатдори доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода ба иштирокчиёни нишаст дар хусуси баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018–2028, ки рӯзҳои 25–28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, иттилоъ пешниҳод намуд.
Зимни суханронӣ зикр гардид, ки конфронси дарпешистода майдони муҳими байналмилалӣ ҷиҳати муҳокимаи мушкилоти глобалии об, таҳкими ҳамкорӣ ва пешбурди қарорҳои амалии идоракунии устувори захираҳои обӣ хоҳад гардид.
Аз иштирокчиёни нишаст роҷеъ ба мусоидат ҷиҳати таъмин намудани иштироки намояндагони баландпояи давлатҳои иштирокчии ИДМ дар кори конфронс даъват ба амал оварда шуд.
Таъкид гардид, ки баргузории конфронс ба рушди ҳамкории минтақавӣ, табодули таҷриба ва таҳияи равишҳои муштарак ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳими марбут ба рӯзномаи об мусоидат хоҳад кард.

