Мулоқоти вазирони фарҳанги Тоҷикистон ва Беларус

27.04.2026 07:50

24 апрели соли 2026 бо мақсади баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ба шаҳри Минск ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён ташриф овард.

Дар ҳошияи сафар, 27 апрел мулоқоти Матлубахон Сатториён бо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Марат Марков баргузор гардид.

Зимни музокирот, вазири фарҳанги Тоҷикистон ҳамтои беларусии худро ба муносибати таъйин шудан ба мансаб табрик гуфта, барои дастгирии ҳамаҷониба дар баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус изҳори сипос намуд.

«Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус рӯйдоди муҳим буда, мероси ғании фарҳангии кишвари моро муаррифӣ хоҳад кард», — таъкид намуд Матлубахон Сатториён.

Дар навбати худ, Марат Марков аҳамияти таҳкими муколамаи фарҳангии байни ду кишварро зикр намуда, омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо ҷониби Тоҷикистон изҳор дошт.

Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, рушди мусбати ҳамкориро дар соҳаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ таъкид карданд. Ҳамчунин, ба густариши лоиҳаҳои муштарак, табодули таҷриба миёни гурӯҳҳои эҷодӣ ва рушди шарикӣ дар бахши санъат ва мубодилаи фарҳангӣ диққати махсус дода шуд.

Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва рушди муколамаи байнифарҳангӣ байни ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg