28 апрели соли 2026 дар шаҳри Минск дар Қасри ҷумҳурӣ аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи тантанавӣ ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.
Дар чорабинӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, намояндагони воломақоми парлумон, вазорату идораҳои Ҷумҳурии Беларус, роҳбарон ва кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои фарҳангӣ, аҳли зиё, васоити ахбори омма, инчунин теъдоди зиёди ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷик ҳузур доштанд.
Зимни суханронии худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода таъкид намуд, ки Наврӯз рамзи сулҳ, некӣ ва шукуфоӣ буда, ҳамчун пули муҳими муколамаи фарҳангӣ миёни халқҳо хизмат мекунад.
Зикр гардид, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус дар руҳияи сиёсати дӯстонаи сарони давлатҳо — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко сурат гирифта, рушди пайвастаи ҳамкориҳои дуҷонибаро инъикос менамояд. Ин чорабинӣ гувоҳи равшани дӯстии устувор, эҳтироми мутақобила ва эътимоди миёни халқҳои ду кишвар мебошад.
Дар толори Қасри ҷумҳурӣ намоиши идона бо инъикоси суннатҳои Наврӯз «Ҳафт син» ва «Ҳафт шин», китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳунарҳои мардумӣ, сузани, маводи аксӣ ва хони миллӣ пешниҳод гардид.
Ҳамчунин навозиши созҳои миллии «карнай» ва «сурнай», иҷроиши зиндаи ҳунарманд Муҳаммад Боқиев дар ҳамроҳии навозандагони Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рақсҳои ансамбли «Гулрез» ба чорабинӣ шукӯҳи хос бахшиданд.
«Мо кӯшиш намудем муҳити воқеии меҳмоннавозии тоҷиконро фароҳам оварем. Меҳмонон метавонанд аз таомҳои миллӣ, аз ҷумла “Оши палав” — рамзи фарҳанги ошпазии мо, бичашанд», — изҳор дошт Сафир.
Инчунин ба маърази меҳмонон намоиши либосҳои миллии тарроҳони тоҷик пешниҳод гардид, ки боигарии мероси ҳунарӣ ва фарҳангии халқи тоҷикро инъикос намуд.
Таҷлили Наврӯз дар шаҳри Минск бори дигар идомаи анъанаҳои миллӣ ва аҳамияти пойдории арзишҳои фарҳангии халқи тоҷикро собит намуд.








