18 майи соли 2026 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, Намояндаи доимии ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сафарзода Бахтовар аз Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил боздид намуда, бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ Нурбаев Герман мулоқоти корӣ анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи ИДМ, дурнамои рушди минбаъдаи равандҳои ҳамгироӣ, инчунин нақши Суди иқтисодии ИДМ-ро дар таҳкими механизмҳои ҳуқуқии ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳод мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар доираи боздид Сафири Тоҷикистон бо натиҷаҳои ислоҳоти Суди иқтисодии ИДМ, тартиби фаъолияти он дар шакли нав, инчунин самтҳои асосии фаъолияти Суд дар марҳилаи муосир шинос гардид.
Дар фарҷоми мулоқот Сафарзода Бахтовар дар Китоби меҳмонони фахрии Суди иқтисодии ИДМ соядаст гузошт.

