Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ дар Ашқобод баргузор гардид

22.05.2026 12:16

22 майи соли 2026 дар шаҳри Ашқобод (Туркманистон) ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот дар ҳайати маҳдуд сарони ҳукуматҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодиро дар доираи ИДМ муҳокима намуданд.

Дар ҳайати васеъ Стратегияи фаъолияти конгрессӣ-намоишгоҳии ИДМ дар давраи то соли 2030, Консепсияи табдили рақамии соҳаҳои комплекси кӯҳӣ-металлургӣ ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он тасдиқ гардиданд. 

Ҳамчунин сарони ҳукуматҳо Консепсияи ҳамоҳангсозии шоҳроҳҳои асосии нақлиётии аз ҳудуди давлатҳои иштирокдори ИДМ гузаранда ва Барномаи байнидавлатии радионавигатсионии давлатҳои иштирокдори ИДМ барои солҳои 2027–2030-ро қабул намуданд.

Гузашта аз ин, қарорҳо роҷеъ ба эълон гардидани шаҳри Минск ҳамчун пойтахти ҷавонони ИДМ дар соли 2027 ва шаҳри Қарағанда дар соли 2028 қабул гардиданд.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ моҳи декабри соли 2026 дар шаҳри Москва баргузор хоҳад гашт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg