Вохӯрии Сафир бо Раиси Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Беларус

28.05.2026 13:11

27 майи соли 2026 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода бо Раиси Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Беларус Александр Гучок баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларусро дар самти аттестатсияи кадрҳои илмӣ баррасӣ намуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкорӣ, табодули таҷриба дар соҳаи аттестатсияи давлатии илмӣ, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ миёни Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Беларус ва Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир гардид.

Ҳамчунин таваҷҷуҳи ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ миёни шӯроҳои диссертатсионӣ дар бахши риштаҳои нодири илмӣ, ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар шӯроҳои диссертатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, инчунин таъсиси шӯроҳои якдафъаина оид ба ҳимояи рисолаҳои илмӣ аз рӯи риштаҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шӯроҳои диссертатсионӣ фаъолият надоранд, равона гардид.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи муколамаи созанда ва андешидани тадбирҳои амалӣ барои фаъолгардонии ҳамкорӣ миёни мақомоти аттестатсионии ду давлат изҳор доштанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg